• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳувияти миллӣ дар Паёми Пешвои миллат

Migration Service by Migration Service
23.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳувияти миллӣ дар Паёми Пешвои миллат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳи баланд, эҳсоси амиқи миллӣ ва муҳаббати самимӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ироа гардид. Ин Паём на танҳо баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дурнамои рушди он мепардозад, балки ҳамчун ҳуҷҷати фалсафию ҳувиятсоз таъкиди вижае бар ҳифзи мероси фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти наслҳо дар назди таърих дорад.

Дар ҷаҳони муосир, ки саршор аз даргириҳои геосиёсию танишҳои фарҳангист, ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки ба ниёзи ҳаётӣ барои бақову пойдорӣ табдил мешавад. Баъзе кишварҳо талош мекунанд мероси таърихию фарҳангии дигар миллатҳоро таҳриф намоянд ё онро мутааллиқ ба худ бидонанд. Дар чунин шароит, ҳифозат аз ҳувияти миллӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои мардуми он бисёр муҳим мешавад.

Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳамчун миллати тамаддунсоз шинохта шудааст. Ҳанӯз аз даврони қадим ниёгони бузурги мо ормонҳои наҷиби ориёиро, ки дар се арзиши ҷовидонае чун пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек инъикос ёфтааст, таҷассум кардаанд. Ин арзишҳо танҳо шиори ахлоқӣ нестанд, балки пояи тафаккури миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги зиндагии тоҷикон ба шумор мераванд.

Бесабаб нест, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба ин асли бунёдии тамаддуни миллӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки ҷомеаи солим, давлатдории устувор ва рушди босубот танҳо дар заминаи андешаи солим, сухани масъулона ва амали созанда шакл мегирад. Имрӯз, дар ҷаҳони пур аз чолишу бархӯрдҳои тамаддунӣ, маҳз ҳамин арзишҳои асил метавонанд ҷомеаро аз парокандагӣ, бегонапарастӣ ва гум кардани худшиносӣ муҳофизат намоянд.

Пешвои миллат бо дарки амиқи рисолати таърихии миллат, таъкидан, фармуданд: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”.

Аз давраҳои пеш ба миллати тоҷик хатари парокандагиию нестшавӣ борҳо таҳдид кардааст, ки як дилу як ҷон бошем. Мардуми тоҷик ҳамеша дар тулӣ асрҳо ҳувияти худро ҳифз намуда то ба боргоҳи истиқлоли миллию давлатӣ хеш расидааст. Миллати тоҷикро миллати ҷафокашидаи ба мақсади худ расида гуем ҳам хато нахоҳем кард. Мо бояд, иродаи устувору созанда, фарҳанги бузургу эҳёгаронаи хешро боз ҳам тақвият бахшида, зинда нигоҳ дорем.

Сулҳи бо хуну ҷони бародарони худ ба дастомадаро зинда нигоҳ дошта, натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллатро қадр кунем ва ҳамеша пайрави бунёдгароии он бошем.

Чунон Президенти кишварамон роҷеъ ба дарки таърихи сабақомӯз ва ҳифзи музафариятҳои миллӣ чунин баён дошта буданд: “Ба таърихи миллати худ чун ба оина поку муқаддас назар бояд кард, оинае, ки акси халқро бо шукуҳу ҷамол ё айбу нуқсон нишон медиҳад не. Ин барои худшиносии ҷомеа ва равшан намудани ҳадафҳою роҳи минбаъдаи он, дар ин аёми мураккаб ниҳоят зарур аст”. Яъне таърих дӯсти ҳақиқатгуст ва саҳифаҳои пурифтихору пандомӯзи онро бо сари баланд бояд омухт.

Таъмини сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддас ва пурифтихори шаҳрвандии ҳар як Тоҷикистонии бо ору номуси мебошад. Мо аз миллату давалатӣ хеш итминони комил дорем, ки мардуми соҳибфарҳанги кишварамон зиракии сиёсиро аз даст надода пайӣ пояндадории истиқлолияту ваҳдати комили халқу ватани хеш мегарданд.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Танҳо муборизаи дастаҷамъона мебояд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.