ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ГУРЎҲИ КОРИИ МУШТАРАК ОИД БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МОДЕЛИ ФОСИЛАВИИ ШУҒЛИ ҶАВОНОНИ ОСЕБПАЗИР ДАР ТОҶИКИСТОН”

[:tj] 

 

13 августи соли равон, ҷаласаи дуюми Гурўҳи кории муштарак оид ба татбиқи лоиҳаи «Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон” таҳти роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Раҳмонзода бо иштироки аъзоёни гурӯҳи корӣ аз ҳисоби  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро А. Раҳмонзода бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, оид ба корҳои анҷомдодаи муштарак ба хусус оид ба натиҷаи умумии тадқиқоти бозори рақамӣ, таъсиси зергурӯҳ барои  таҳлили қонунгузории миллию хориҷӣ дар самти шуғли фосилавӣ, интихоби ҳамоҳангсози шуғли фосилавӣ ва мулоқотҳои дуҷониба, маълумот дод.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа Нақшаи Гурўҳи кории муштарак оид ба татбиқи “Модели фосилавии  шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон”, меъёроҳи интихоб ва эълон барои ҷалби  ҷавонон ҷиҳати иштирок дар лоиҳа ва  барномаҳои омўзишӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, бо назардошти таклифҳои пешниҳодгардида нақша ва меъёрҳо тасдиқ гардиданд.

Инчунин, дар рафти ҷаласа таҷрибаи лоиҳои пилотии шуғли фосилавӣ дар ш.Хоруғи ВМКБ, ки тайи 3 сол фаъолият карда истодааст аз тарафи шарикони рушд муаррифӣ гардид.

Дар фарҷом иштирокдорони ҷаласа оид ба татбиқи “Модели фосилавии  шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон” мубодилаи афкор анҷом дода, нақшаи фаъолияти минбаъдаро тасдиқ намуданд.

 

                                                     Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                 аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо