Ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳаи «Кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта»

[:tj]13 июн, дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳа Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллозода бо сухани ифтитоҳи ба кори ҷаласа оғоз бахшида, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ  ҷаноби Лучиано Калестини ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Мачей Адам Мадалински  оид ба муҳтавои лоиҳаи мазкур маълумот доданд.

Бояд қайд кард, ки татбиқи лоиҳаи «Кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» аз моҳи июни соли 2018 дар 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Рўдакӣ, Қубодиён, Кўлоб, Конибодом, Хоруғ ва Сарбанд – Левакант) оғоз гардида, ба муддати 3 сол амалӣ мегардад, ки он ба ҳифзи ҳуқуқи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта, инчунин наврасону чавонони осебпазир, ки берун аз таҳсил, шуғл ва омўзиш қарор доранд шароити мусоид фароҳам оварда, барои беҳтар намудани хизматрасонии онҳо мусоидат менамояд.

Дар интиҳои ҷаласа иштирокчиён Нақшаи кори Кумитаи мазкурро муайян намуда, барои татбиқи босамари лоиҳа як қатор пешниҳодҳо манзур намуданд.

                                                              Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                                    шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо