«Ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар» — таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи миллӣ баргузор гардид

[:tj]16 –уми октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар» конференсияи миллӣ баргузор гардид.        Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар сохторҳои марбута ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Конференсияро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки ҷамъиятҳои тоҷик ва марказҳои фарҳангии хориҷи мамлакат дар рушди ҷумҳурӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ нақши калидӣ дошта метавонанд. З.Ализода таъкид намуд, ки мақсад аз ҳамоиши имрӯза низ густариши ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷик, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат, алалхусус саҳм гузоштани ҳамватанони мо дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фаъолияти ҷамъиятҳо ва буду боши ҳамватанони бурунмарзӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамкорӣ бо онҳо ҷиҳати рушди устувори мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

«Бо ин мақсад ҳанӯз соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» тасдиқ гардид. Мақсад аз татбиқи консепсияи мазкур фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муайян намудани роҳҳои ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад», — афзуд С. Тағойзода.

Роҳбари котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар масъалаи мавриди назар ибрози андеша намуда, аз ҷумла, таъкид намуд, ки баҳри ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди кишвар мақомоти дахлдори мамлакат бояд ҳавасмандӣ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд, то сабаби саргардонии онҳо нагардад.

Ш.Шерализода ҳамчунин доир ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди мамлакат пешниҳодҳои муфид намуд.

Дар ҳамоиш инчунин намояндаи Ташкилоти байналмилалии институти «Ҷамъияти Кушода» Нигора Абидҷонова, директори Ҳайати шафақ (МЕРСУ СОRРS) дар Тоҷикистон Eлена Бурян, роҳбари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка доир ба мавзӯи матраҳшаванда ибрози андеша намуданд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод намуд. С.Саидов, аз ҷумла, иброз дошт, ки айни замон 81 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, инчунин 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 ҷамъият ва 7 маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд. Онҳо ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегузоранд.
«Соли 2010 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия оид ба ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи мазкур барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид.

Нақшаи мазкур аз 24 банд иборат буда, аз ҷумла, дар доираи он баргузории конференсия, мизи мудаввар, семинарҳо барои ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, даъват намудани онҳо ба ҷашну маросимҳои миллӣ, таҳияи шакли ҳисоботи оморӣ оид ба ҷамъиятҳои тоҷикон, ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи кишвар, ташкилу гузаронидани озмунҳо бо мақсади ҳавасманд намудани онҳо, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст», — афзуд С.Саидов.

Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ доир ба ин масъала ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Москваи Федератсияи Россия Турсуной Алимардонова дар мавзӯи «Нақши диаспораҳои тоҷик дар нигоҳдошти саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ» изҳори назар карда, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Дар фарҷом байни иштирокдорони ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт.

                                 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                                Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо