Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират

[:tj]9-уми январ дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ҷаласаи Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолияти он дар соли 2018 ва вазифаҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.

Нахуст, Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.

Дар баромадаш Сардори Хадамот қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ  ба  Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 62825  нафар  шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз он 56524 нафар тариқи шифоҳӣ, 1389 муроҷиати  хаттӣ ва 4912 нафари онҳо бо  телефони боварӣ.

Аз ҷониби сохторҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тибқи муқаррарот ба 5632 нафар тавсия ба касбомӯзӣ, ба 2757 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 1462 нафар дорои касб гардида, 812 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ 12816 нафар шаҳрвандони ватаниро бо кор таъмин намуданд. Дар маҷмӯъ 13628 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин карда шуданд.

Тибқи маълумотҳои Гурӯҳи экспертии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати муҳоҷирати  ВКД –и Федератсияи Россия (тибқи 5 категория яъне якҷояшавии оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона)  шаҳрвандоне, ки  иҷозати вурудшавии дубора ба ФР мегиранд, дар ин муддат 179 аризаи муҳоҷирони меҳнатӣ  баррасӣ гардида, ба масъулини ВКД Россия ирсол гардид, ки дар натиҷа 74 аризаи шаҳрвандон ҳалли худро пайдо намуданд.

Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон,  инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллозода дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, дуруст истифодабарии усули хона ба хона, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд бо дисапораҳо, тарзи дурусти ҷамъоварии маълумоти оморӣ, инчуни ӯ таъкид намуд, ки сари вақт иҷро намудани нақшаи Обуна ба нашрияи “Шуғл ва муҳоҷират” дар сохторҳои Хадамот ибрози ақида намуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.

                                                                                                     Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо