Ҷамъомад дар масҷиди ҷомеъа

[:tj]Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе вохўрии навбатиро бо сокинони пойтахт дар масҷиди ҷомеъа ба номи мавлоно Ҷ.Румӣ воқеъ дар маҳаллаи Бустон-2 ноҳияи Шоҳмансур баргузор намуданд.

Дар вохўрӣ, ки зиёда аз се ҳазор нафар шаҳрвандони пойтахт иштирок доштанд, кормандони масъули Марказ ҳамоҳангсоз Артур Марупов, машваратчии калон Идибек Бобоев ва машваратчиён Даврон Сангов ва Комрон Бобоёров сухан ронда, муфассал дар мавзўъҳои масъалаҳои зарурияти муайян намудани вазъи саломатӣ пеш аз сафар, ҷойи кор ва зист дар хориҷи кишвар, бо корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ, дастрас намудани маълумотҳои саҳеҳ оиди корфармо, санҷиши иҷозат барои интиқоли муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби ширкати вакансияҳои пешниҳодшаванда, гирифтани машварат ва сертификати донистани забони русӣ, фаҳмонидани талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», бовар накардан ба ваъдаҳои бардурўғи гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва доир ба масъалаҳои мубрами рўз мубодилаи афкор доир намуданд.

Инчунин ба иштирокчиён оиди пешгирии касалиҳои сироятии ВНМО (ВИЧ-СПИД), пешгирии касалиҳои сил ва ғайра маълумотҳо пешниҳод намуданд.

Дар хатми суҳбат ба иштирокчиён 300 нусха маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардонида шуд.

                                                                                           Анвар ЮСУПОВ   

   [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо