Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб

[:tj] 

Чанде пеш дар қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бахшида ба 22-юмин  солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ботантана баргузор гардид.

Ба ин муносибат мардуми сарбаланди ноҳияи Варзобро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина ва раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ҳузур доштанд.

Дар ин чорабинии болозикр аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи  Варзоб ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ аксияи муштарак гузароинда шуда, буклетҳо дар мавзуъҳои «Шукри Ваҳдат мегӯем мо», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд», «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Тавсияҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хориҷа ба ватан баргаштанд» ба миқдори 500 нусха тақсим карда шуд.

 

                                                                            Олимзода Орифҷон Олим

                                                                    мутахассиси пешбари бахши

                                                Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо