ҶДММ “Мирзо ва К” 21 нафарро бо кор таъмин кард

[:tj] 

 

Новобаста ба он, ки вақтҳои охирбозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз муҳоҷират рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон ҳамоно давом дорад. Бо назардошти ин, субъектҳои хоҷагидори ба таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷои кор сарукордошта аз имкониятҳо босамар истифода бурда, фаъолияташонро чун пештара давом дода истодаанд. Соли равон аз миёни субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд дар самти мазкур ҶДММ “Мирзо ва К” дар мақоми аввал қарор дошт ва то имрӯз пешсафиро аз даст намедиҳад.

Ширкати мазкур дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар арафаи фарорасии Иди Қурбон гурӯҳи 21-нафараи муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳисоби сокинони ноҳияи Спитамен ба ноҳияи Дмитровои вилояти Москва сафарбар намуд. Аз рӯи иттилои роҳбари гурӯҳ Абдуғанӣ Абдураҳмонов онҳо аз ҷониби ин ширкат бо кори мавсимӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъмин мешаванд ва тибқи шартнома муҳлати муҳоҷирати меҳнатиашон 11 моҳ мебошад.

 

                                                                                      Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо