ҶДММ «СУҒДИЁН ПОМИР ТУР» ҲАМОНО ПЕШСАФ АСТ

[:tj]Дар байни субъектҳои хоҷагидори амалкунандаи вилояти Суғд ҳафтаи равон ҳам Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён Помир Тур» оид ба муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия мақоми пешсафиро нигоҳ дошт.

Ширкат санаҳои 3-юм ва 5-уми май ду рӯйхати муҳоҷирони меҳнатиро барои сафарбар кардан ба шаҳрҳои Новокузнетск ва Оренбурги Федератсияи Русия бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа кард. Ҳамагӣ ин 2 рӯйхат ному насаби 63 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – сокинони кунҷу канори мухталифи тоҷикистонро дар бар мегирад. Ҷӯраева Салима ва Мамраева Ҷангилой вазифаи роҳбаладиро ба зима доранд, дар ин самт таҷрибаашон ғанӣ мебошад.

Сафарбаршавандагон зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба онҳо тақсим намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби кормандони Раёсат муҳлати муҳоҷирати меҳнатиашонро аз 3 то 8 моҳ гуфтанд.

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо