• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ

Migration Service by Migration Service
17.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷаҳонишавӣ (глобализация) падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният дар охири асри ХХ ба он рӯ ба рӯ гаштааст. Он ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёт зоҳир гардида, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани собиқ иттиҳоди шӯравӣ доман паҳн намуд. Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани глобализация инқилоби илмӣ-техникӣ ва иттилоотӣ, ташкили ширкатҳои транснатсионалӣ,ба вуҷуд омадани бозори ягонаи иқтисодӣ ва равандҳои дигари умумисайоравӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде ки аксаран дар бораи таъсири мусбӣ- пешгирандаи ҷаҳонишавӣ сухан меравад, лекин таъсирии  манфӣ – зараровари он кам нест. Терроризм, экстремизм, нашъамандӣ, коррупсия, мушкилоти экологӣ, низоҳои нави иҷтимоӣ ва авҷ гирифтани чунин падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ низ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ робитаи ҳарҷониба дорд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза берун монда наметавонад. Бинобар ин омӯзиши терроризм ва таассуби динӣ, оқибатҳои он, барои чомеаи мо  аҳмияти назариявию маърифатӣ ва амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақае нест, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби динӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Даҳсолаи охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам, дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман хеле афзудааст. Ба ақидаи яке аз олимоне ки падидаҳои хатарзои ҷаҳони имрӯзаро мавриди таҳқиқ қарор додааст- С. Лансов, терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зӯрӣ ба олам ва оламиён аст.

Таҳлилгарон, якчанд шаклҳои терроризмро нишон медиҳанд, ки ҳар як навъи он метавонад ба ҷомеа хатаре дошта бошад. Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси ҳамон ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун анъана ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гуруҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ва ташкилотҳои экстремистӣ баромад мекунанд. Терроризми миллатгароӣ –ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии сиёсӣ асос ёфта бо сепаратизм-чудоиандозӣ алокаманд аст. Терроризми динӣ – он ба муқобили сиёсати давлатҳои абадқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан мехоҳад, ки он оқибат ба дини онҳо раҳна ворид месозад, равона гардидааст. Терроризми ҷиноӣ –он бо куштор, низоъ андохтан байни гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст. Терроризмитехнологӣ,ки он таҳдиди зиёд дошта, бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактереологи ва воситаҳои радиоактивӣ ба амал бароварда мешавад. Терроризми кибернетикӣ – он нисбат ба ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан  ба воситаи ахбордиҳӣ, аз ҷумла интернет ва пахш кардани маълумоти бардурўғ, инчунин, тағйир додани далелҳо мебошад. Субъектони терроризм низ бо психологияи махсуси худ фарқ мекунад, ки онро “психологияи террорист” меноманд: нафрат доштан (ба худ, ба шахсони алоҳида, ба ҷомеа), фанатизм (таассуб),  ноустувории психологӣ, бемории психикӣ, бовари ба он ки амали ҳақро содир мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи “Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо” овардаанд: “Низои фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар қаламрави Ислом аз нав хурўҷ намуд. Уммати исломиро фитнаи такфир, яъне кофир хондани мусалмон фаро гирифт. Фирқаҳо ва аҳзоби динӣ чунон зиёд шудаанд, ки ҳар кадом ба кофир ҳисобидани мухолифини ақидавӣ ва сиёсии худ мешитобанд, ва муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ медонанд”.

Хуллас, терроризм ва амалҳои террористӣ яке аз таҳдидҳое мебошад, ки ҳар лаҳза метавонад таъсири манфии худро ба ҷомеа расонад. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат ҳамеша мардуми тоҷикро ба ҳушёрии сиёсӣ, ҳазар кардан аз ҳаракатҳои ифротӣ даъват мекунанд.

Муродзода Мехрубон,

Машваратчии калони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Либоси миллӣ – мероси фарҳангии тоҷикон

Next Post

Либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост

Next Post
Либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост

Либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.