8 майи соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hilton”-и пойтахт ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид.
Сараввал ҷаласаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, кушода, ҳозиринро бо барномаи ҷаласа ошно намуд.
Аз ҷумла қайд, кард, ки бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар “Сратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”-ро қабул намуд, ки он тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро гирифтааст.
Сипас дар назди ҳозирин ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Гулнора Камолова баромад намуда, муфассал дар бораи роҳҳои ҳалли Стратегияи мазкур ибрози ақида намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони тамоми сохторҳои Вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, СБМ, ICMPD, GIZ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа маърузаҳои Нодира Абдуллоева, (тариқи маҷозӣ – онлайн) мушовири миллии СБМ вобаста ба мавзӯи “Муаррифии тадқиқот оид ба мониторинги ҳуқуқ ва ниёзҳои муҳоҷирон, муҳокимаи натиҷаҳои мониторинг ва тавсияҳо”, Умед Раимдодов, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба мавзӯи “Муаррифии тадқиқоти DTM” ва Гулнора Камолова, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи СБМ ба мавзӯи “Шабакаи глобалии сиёсат ва стратегия (GPN): Ҳамкории стратегӣ” шунида шуд.
Бояд қайд, кард, ки баромадкунандагон доир ба таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониторинг ва арзёбии Стратегия, фарогирии муҳоҷирон ба омӯзиши касбҳои нави ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат дохил ва хориҷи кишвар, инчунин донистани забонҳои хориҷӣ ва қонунгузории давлатҳои қабулкунанда, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ, инчунин тариқи онлайн платформа ва “марказҳои тамос” гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирон, пешгирӣ ва иттилоотонии аҳолӣ дар бораи хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз изҳорӣ андеша намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ пешниҳодҳои мушаххас ва қарорҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда қабул ва дар протоколи ҷаласа сабт гардида, рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро, ки ҳар се моҳ баргузор мегардад, муаррифӣ карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират