Тибқи ҷадвали баргузории Ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бурҳонзода Иноятулло баргузор гардид.
Бурҳонзода И., ҷаласаи комиссияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба мавзӯи ҷаласа шинос намуд.
Сипас мудири бахши Хадамоти муӽоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ниёззода М., оид ба раванди муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, инчунин муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, мушкилот ва муаммоҳои мавҷуда доир ба ин самт ва кӯчонидани муҳоҷирон ба мавзеъҳои нави зист, бунёди манзилҳои истиқомати дар қитъаҳои заминҳои ба онҳо вобастакардашуда ва дигар паҳлуҳои дахлдори мавзуи болозикр ба таври васеъ маълумот дод.
Дар рафти суҳбат бо оилаҳои муҳоҷирони экологӣ муовини якуми Раиси ноҳия Бурҳонзода И., зикр намуданд, ки чун солҳои қабли ба бепарвои ва ба саҳланкорӣ роҳ надода заминҳои ба онҳо ҷудогардидаро мақсаднок истифода баранд, корҳои сохтмониро мувофиқи Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба роҳ монда ҳарчи зутар ба мавзеъҳои бехавф кучида раванд.
Дар ҷаласа раиси Ҷамоати деҳоти Лангар Аминов Амин, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Шарипов Д., раиси кумитаи идораи замини ноҳия Юсуфӣ Я., ва дигарон иштирок намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Баъди анҷоми ҷаласа Раиси комиссия Бурҳонзода И., ба ҳар як аъзои комиссия оиди масъалаҳои болозикр ва барои сафарбар намудани онҳо ба ноҳияи қабулкунанда, инчунин барои оғози корҳои сохтмони дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирони экологӣ супоришҳои мушаххас дод.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд