Ҷаласаи Ситоди гурӯҳи корӣ дар Хадамоти муҳоҷират

3 марти соли равон дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи Ситоди гурӯҳи корӣ оиди таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон муваққатан манъ гардидааст, дар ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» бо иштироки аъзои Ситод намояндагони Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, инчунин мудирони бахшу шуъбаҳои Хадамот дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузора гардид.

Дар ҷаласа як масъала фаъолияти Ситоди гурӯҳи корӣ оиди ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” баррасӣ гардид.  

Оиди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он аъзои Ситоди гурӯҳи корӣ муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Раҷабов Бадриддин баромад намуда қайд карданд, ки айни замон, ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандони мамлакат барои кор дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” дар ҳамкорӣ бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фаъолони ноҳияҳо ва ҷойҳои серодам насб намудани варақаҳои иттилоотиро ба роҳ монданд.

Ҳамзамон, шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳо, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ барои ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” гузаронида шуд.

Аз ҷумла, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ барои таъмин намудани ширкатҳои сотмонии НБО “Роғун” бо иштироки 500 нафар сокинони вилоят гузаронида шуд.

Дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғаффуров ва Деваштич 12 ярмарка гузаронида шуд, ки 800 нафар сокинони вилоят иштирок намуданд.

Чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ низ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, шаҳри Турсунзода – 2 ярмарка бо иштироки 170 нафар, Ҳисор – 1 ярмарка гузаронида шуда бо иштироки 160 нафар шаҳрвандон, Рӯдакӣ – 2 ярмарка бо иштироки 180 нафар, Файзобод – 1 ярмарка бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинони ноҳия гузаронида шуд.

Раҷабов Б. таъкид намуданд, ки дар рафти гузаронидани ярмаркаҳо ба шаҳрвандон оиди шароити кор, музди маош, таъмин бо ҷои хоб, сару либос ва се вақт хӯрок, маълумоти муфассал дода шавад.

Сипас, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  баромад намуда, оиди фаъолияти бахшу шуъба ва раёсатҳои Агентӣ маълумот доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба иштирокчиён брошюраи ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” бо қайди вазифаи корӣ, маош ва шароити кор пешкаш карда шуд. Инчунин, ҷаласаи Ситод бо пешниҳоду тавсияҳои ширкаткунандагон, ҳарчи бештар ҷалби шаҳрвандони мамлакат дар ин сохтмони миллӣ НБО “Роғун” анҷом ёфт.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо