6 июли соли равон дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид, ки онро Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо раисӣ кард.
Дар кори ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок доштанд.
Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Муҳаммадсалим Пир аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 маърӯза намуд.
Зимни маърӯза ӯ қайд кард, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар шаш моҳи соли 2023 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масоили муҳоҷират, фармону супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Нақшаи кории Хадамоти муҳоҷират ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст.
Ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи мазкур таҳия гардид ва баъд аз мувофиқасозии он бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ, дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ карда шуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Яке аз масъалаҳои зарурӣ ин ба роҳ мондани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони масъули Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инчунин, Марказҳои машваратӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 1179 вохурӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 78 235 нафар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 114 вохурӣ зиёд мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ғайра мебошад.
Хадамоти муҳоҷират муҳиммияти масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати аҳолиро ҳамчун омили таъсиррасон ба субботи иҷтимоӣ -иқтисодии ҷумҳурӣ комилан дарк намуда, баҳри ҳаллу фасли камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи саривақтии мушкилоти мавҷуда ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, вазифаҳои базимааш гузошта шударо саривақт амалӣ менамояд.
Зимни баромад Шаҳноза Нодирӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта сухан ронда, таъкид намуданд, ки ҳарчи зуддтар ин норасоиҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилию экологӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бартараф карда шавад.
Раисикунандаи ҷаласа Нодирзода Иматшо аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар интиҳо аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират