ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

13 июл дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид, ки онро Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир раисӣ кард.

Дар кори ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини сардори Хадамот Раҷабов Бадриддин, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок доштанд.

Дар ҷаласа муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Раҷабов Бадриддин аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 маърӯза намуд.

Зимни маърӯза ӯ қайд кард, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, аз тарафи Хадамоти муҳоҷират корҳои назаррас ба анҷом дода шуда, фаъолият дар ин самт идома дорад.

Ҳамзамон, бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ тадбирҳои амалӣ андешида аз аввали соли ҷорӣ як қатор корҳоро анҷом дод.

Раисикунандаи ҷаласа Каримзода Тоҳир аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар интиҳо аз ҷониби аъзои Шӯрои ҳайати мушовара аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо