• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли равон

Migration Service by Migration Service
09.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли равон
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

8 апрели соли равон маҷлиси Шурои Хадамоти муҳоҷират “Доир ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024” доир гардид.

Дар кори маҷлис намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ Мақсатуллозода Парвиз, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони Сардори Хадамот, сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.

Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2024 муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Заробов Раҳмоналӣ баромад намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардид.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба амалисозии марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025-и Стратегияи болозикр омода гардида аз 24 июли соли 2023, №39 тасдиқ гардид.

Стратегия маҷмуи мақсад, самт ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд.

Бо назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дароз муҳлатро пешбинӣ менамояд.
Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин росто, шаҳрвандон бо се восита муроҷиат менамоянд, ин муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиати хаттӣ ва муроҷиати телефонӣ мебошад.

Аз натиҷаи ҷамъбасти маълумотҳои воридгардида бармеояд, ки ба ҳолати 29 марти соли равон ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 9124 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки аз онҳо 8829 нафар шифоҳӣ, 33 нафар муроҷиати хаттӣ ва 262 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.

Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ Мақсатуллозода Парвиз баромад намуда, дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ибрози ақида намуд.

Дар фарҷом, Сардори Хадамоти муҳоҷират ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо барои беҳтар намудани сифати фаъолияти меҳнатӣ, супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Терроризм ва ифротгароӣ – сарчашмаи бегона дар идеологияи ҷавонон

Next Post

Тақвият бахшидани корҳоииттилоотӣ – маърифатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ

Next Post
Тақвият бахшидани корҳоииттилоотӣ – маърифатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ

Тақвият бахшидани корҳоииттилоотӣ - маърифатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.