Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар 9 моҳа

9-уми октябр дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират маҷлиси Шӯрои Хадамоти муҳоҷирати оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок доштанд.

Дар ҷаласа Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2021 маърӯза намуд.

Сардори Хадамот дар маърӯза қайд кард, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират – ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, шаҳрвандон бо се восита муроҷиат менамоянд, яъне шифоҳӣ, хаттӣ ва телефонӣ. Аз натиҷаи ҷамъбасти маълумотҳои воридгардида бармеояд, ки ба ҳолати 9 моҳи соли равон ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он зиёда аз 33 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 31 799 нафар шифоҳӣ, 55 нафар хаттӣ ва 1148 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла, ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 9366 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Аз теъдоди умумии болозикр тибқи муқаррарот ба 3817 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 505 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 612 нафар дорои касб гардида, 477 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон, ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ бояд таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намоянд ва ба ҳолати имрӯза 33 145 нафар дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 33 622 нафар бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин шудаанд.

Таҳлилҳои давраи ҳисоботӣ нишон медиҳанд, ки теъдоди кормандони хориҷӣ 6097 нафар ва шумораи кормандони маҳаллӣ бошад 33 145 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта теъдоди кормандони маҳаллӣ 8702 нафар зиёд мебошад.Таносуб дар ин ширкатҳо ба ҳисоби миёна 18,3 % бар 81,7% -ро ташкил додааст. Дар ин замина, роҳбарони ширкатҳое, ки таносуби 90% бар 10%-ро дар мавриди таъмини ҷалби қувваи кории маҳаллӣ риоя накардаанд, вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ин камбудиро ислоҳ намуда, таносубро риоя намоянд, – афзуд Каримзода Т.

Раисикунандаи ҷаласа Каримзода Тоҳир аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар интиҳо муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ карда баҳри беҳтар намудани сифати кор дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо