Дар шаҳри Бохтар, санаи 9 апрели соли равон ҷаласаи ҷамъбасти 3 моҳаи фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори ҷалласа муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Маҳмадсалим Пир, сардори Раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайриддинзода Исфандиёр, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Меҳмондӯстзода Ҷумахон, ва мудирони шуъбаю бахшҳои Раёсат ширкат доштанд.
Сараввал муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят Раҳматулло Зокирзода вобаста ба фаъолияти раёсат ва шуъбаю бахшҳои дар се моҳи аввали соли 2025 ҳисобот дод.
Номбурда иҷрои корҳо вобаста ба раванди муҳоҷирати хориҷию дохилӣ ва экологӣ ба ҳозирин маълумот дода илова кард, ки Раёсат дар ҳамкори бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои пайдо кардани ҷойи корӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта кумак кард шуд.
Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки барои баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон, шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандаи муҳоҷират дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро, суҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст, ки дар ин суҳбату вохӯриҳо сокинони вилоят ширкат доштанд. Ҳамчунин дар ин самт мақолаю, барномаҳои телевизионӣ ва радиои тариқи ВАО нашру пахш карда шуд, ки дар он мутахассисони раёсат ва шуъбаю бахшҳои он вобаста ба мавзуъҳои гуногун суҳбат кардаанд.
Тавре Зокирзода Раҳматулло қайд кард, Раёсат ҳамкориро бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ кишвар алоқаи доимиро ба роҳ мондааст. Инаст, ки баъди сафари Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Россия ва суҳбату вохӯриҳояш бо муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ва роҳбарони созмону диаспораҳои тоҷик дар ободу зебогардонии зодгоҳашон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Вобаста ба иҷроиши корҳо дар мавриди муҳоҷирони дохилию экологӣ низ номбурда маълумот дода, илова кард, ки корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир дар фарҷоми кори ҷалласа, вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти муҳоҷират масъулини шуъбаю бахшҳоро пурсиш карда, дастур дод, ки корҳои омафаҳмониро байни мардум бештар карда, сараввал ба забономӯзӣ ва касбомӯзии аҳолӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамчунин, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон