Ҷашни Наврӯз як бахши ниҳоят қадимаи фарҳангии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросимҳои суннатӣ бо шукӯҳу ҳашамат ва зебоиҳову дилрабоиҳои баҳорона баргузор мегардад. Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд.
Ҷашни фархундаи хуҷастапайи Наврӯз барои мардумони ориённажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Ин рамз пеш аз ҳама бедории табиат, шукуфоӣ ва ифодагари Оламу Одам мебошад. Наврӯз ин пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, хубӣ ба бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, покию назофат бар касифӣ, шарофат бар разолат, маърифат бар ҷаҳолат, доноӣ бар нодонӣ, тандурустӣ бар беморӣ ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор, иди такопӯи Замин ва бедории зебоиҳои ҳаёт мебошад. Ҷашни фархундапай ва оламафрӯзи Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифтааст. Ин мероси гаронмояи ниёгони мо, ки се ҳазор қабл аз зуҳури оини зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки пайомовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.
Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба даврони шоҳони Пешдодӣ нисбат медиҳанд ва гӯё Ҷамшед чаҳорумин шоҳи пешдодӣ бунёдгузорӣ ҷашни Наврӯз ва оинҳои хос ба он мебошад. Дар бораи пайдоиши Наврӯз ва суннатҳои он ривоятҳои зиёде мавҷуданд.
Роҷеъ ба шоҳ Ҷамшед ва бо корнамоиву фаъолияти ӯ таъсис ёфтани ҷашни Наврӯз қариб дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар достони “Падид омадани Наврӯз” ёдовар шудааст. Вақте ки Ҷамшед аз корҳои давлатдорӣ биёсуд, бар тахти каёнӣ биншаст ва тамоми бузургони кишвар ва лашкар бар атрофии тахти ӯ давра нишастанд ва бар ӯ гуҳар пошиданд. Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро, ки нахустин рӯзи Фарвардин ва оғози сол буд Наврӯз номид.
Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар тамоми марзу буми ҷумҳурӣ Наврӯзи фархундапай ва оламафрӯзро пешвоз мегиранд, маҳз ин иқдоми накӯ боз як бори дигар анъанаҳои миллии моро руй ба бедорӣ ниҳод, ки солиёни зиёде дар кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем . Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар рӯзҳои Наврӯз ва Соли нав мардумон ба аёдати беморон бираванд ва ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз бикунанд.
Ҳамин тавр Наврӯз ҷашнест, ки мавзӯи сарфакорона истифода бурдани об, тозагии он ва саломатии инсонро талқин намуда, инчунин ваҳдату сулҳу вафодорӣ ва ҳамбастагии мардумони кишварҳо ва халқиятҳои гуногунро дар худ инъикос намудааст.
Воқеан, бо фаро расидани Наврӯзи ҳуҷастапай ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодию фараҳ арзонӣ мешавад. Ва инак, боз ба сарзамини офтобиамон Наврӯз, ҷашни бостониву файзбахши фасли баҳор қадам ниҳод.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки “Мо ворисони тамаддуни ориёӣ, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст”.
Ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ эълон шудани он барои мо – мардуми орёитабор муждаи фараҳбахшест. Русуму ойинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯйи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст.
Раҳматуллозода Фароғат,
Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
