Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намуданд, ки бо як шукӯҳу манзалати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.
Воқеан, Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30 ва оғози 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзӣ омадани шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад.
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ-Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Вобаста ба ин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
Сада дар фарҳангу тамаддуни халки тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Мардум дар ин рӯз гулхан афрӯхта, аз болои он меҷаҳанд. Бо ин васила гуё бори гуноҳ, кина, ҳасаду дурӯғи худро сӯзонида, бо тани пок ба зиндагии нав ворид мегарданд.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед (офтоб) ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.
Ҷашни Сада то хол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Вароруд онро бо номхои дигар чун: ҷашни «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯзон» гаҷлил менамоянд. Нур ва оташ яке аз мукаддасоти мардумони ориёӣ аст.
Ҳоло аз баракати Истиклоли кишвари азизамон ҷашни Сада сол то сол барқарор мешавад. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта хоҳад шуд. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо хохад гашт. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, раққосон, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли ба даст омада Ҷашни Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар кишвар 30-юми январ ҷашн мегиранд.
Исмоилзода Муҳаммадисоқ,
Корманди бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират