Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва барқароркунандаи ҷомеа пазируфта шудаанд, ва сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Паёмҳои солонаи Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегии давлатдорӣ нақши аҳамияти ҷавононро дар рушд ва суботи ҷомеа тавсиф мекунанд. Паёми навбатӣ, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бозгӯи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад, ки дар он ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавонон баррасӣ шудааст.
Ҷавонон дар Паёмҳои Пешвои миллат ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ояндаи давлат ва миллат тавсиф мешаванд. Онҳо на танҳо қудрат ва нерӯи ҷисмонии ҷомеа, балки рамзи дониш, маърифат, инноватсия ва эҷодкорӣ мебошанд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, ки “Ҷавонон нерӯи ояндаи миллат мебошанд”, ки ин таъкид нишон медиҳад, ҷавонон на танҳо истиқболкунандагони фардо, балки ташаккунигарони он низ ҳастанд — ин суханон инъикоси сиёсати давлатӣ дар робита ба ҷавонон мебошад.
Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун маҷмӯи тадбирҳо ва барномаҳо таҳия шуда, тарбияи ҷавон, фароҳам овардани имкониятҳои омӯзишу коромӯзӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад. Вазифаи стратегии давлат он аст, ки ҷавононро барои пурзӯр намудани пояҳои давлатдорӣ ва рушд омода созад.
Аз ҷумла, Тоҷикистон ба рушди маориф ва баланд бардоштани сатҳи дониш дар байни ҷавонон аҳамияти махсус медиҳад: дастгирии ҷустуҷӯи илмӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои нави замонавӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои инноватсионӣ. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ барои ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун муҳимтарин захираи зеҳнӣ ва моддӣ дар рушди устувор дар назар гирифта шудааст.
Дар Паёмҳои Пешвои миллат таъкид мешавад, ки сиёсати ҷавонон бояд ҳамоҳанг бо дигар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад, то ҷавонон тавонанд саҳми худро дар рушди кишвар гузоранд. Ин сиёсати мукаммал ба баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ба сарҷамъию қудрати созандаи онҳо мусоидат мекунад.
Яке аз унсурҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурӣ ин даъват ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи қарору барномаҳои давлатӣ аст. Ҷавонон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар соҳаҳои гуногун зарурияти иштирок доранд. Инчунин, барои ҷалби ҷавонон ба таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосир, имкониятҳои омӯзишӣ, омӯзиши технологияҳои нав ва амалӣ кардани лоиҳаҳои инноватсионӣ таъкид шудааст.
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират
