Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон аст. Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои миллат бо ҷавонон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд. Моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” эълон карда шуд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомузӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ба хотири дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳо даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардиданд ва дар заминаи онҳо конфронсҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор гаштанд, ки барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, ободкорӣ фаъолона иштирок намудани онҳо нақши арзишманде гузоштанд. Баҳри ҳавасмандгардонии онҳо инчунин стипендия ва квотаҳои Президентӣ таъсис дода шудаанд…
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Ҷавонӣ ситораест, ки танҳо як маротиба дар осмони умр тулуъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кӯчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳолҳо ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад… “ Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбарандаанд. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯзҳо ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ру, ҷавононро мебояд, ки ба омухтани илму дониш, касбу ҳунар ҷидди машғул шаванд, таърихи халқу миллати худро азбар намоянд, худогоҳу худшинос бошанд.
Хушбахтона, ҳоло ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар сафи пеши ҷамъият қарор доранд. Бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ онҳо баҳри Ватани худ ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва хушбахтию саодати халқ саъю кӯшиш доранд.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонони соҳибхирад ва муаррифгари Тоҷикистон дар ҷаҳон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда буданд, ки соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон гардад, ки ин аз боварии комил доштани Сарвари давлат ба қишри ҷавони кишвар дарак медиҳад.
Насли ҷавони саодатманди тоҷик, зодагони даврони Истиқлолият, ки ҳамеша аз муҳаббату самимияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳраманданд, ҳамеша пайрави ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву сиёсат ва бунёдкории Тоҷикистони азиз бошанд.
Ҷавонон бояд ифтихор дошт бошанд, ки насли замони истиқлол ҳастанд ва дар Ватани озоду соҳибихтиёр зиндагӣ мекунанд. Фаромӯш насозанд, ки Истиқлоли давлатӣ асос ва таҳкурсии хонаи обод, сари баланд ва зиндагии орому осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе