Экстремизм аслан бо якчанд шаклҳо фаъолият карда метавонад, ки яке аз самти он роҳи идеологӣ мебошад. Ба воситаи идеологияи устувор ва ҳаматарафа таҳлилкардаи худ гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба шуур ва ақоиди ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки бетаҷриба ва осебпазир мебошанд, таъсир расонида, онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҷалб менамоянд.
Аз ҳамин лиҳоз, мо бояд ҳушёрии худро аз даст надода, ба ҷавонон фаҳмонем, ки ин фақат идеологияҳои экстремизму ифротгароӣ буда, ҳадафи он нобуд сохтан ва ноором гардонидани замони тинҷии мо мебошад.
Дар назари аввал пайравони ин ҳаракатҳо аз дигар мусалмонон фарқият надоранд, аммо ҳаракатҳои пинҳонии нопоки онҳо тамоми мусалмонон, аз ҷумла бархе ҷавонони ҷумҳурии моро ба гумроҳӣ андохта истодааст.
Бисёр ҷавонон аз мақсадҳои нопоки онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст меоранд, ки ин дурӯғу фиреб асту бас. Ифротгароёни ТТЭ ҲНИ ба ҳоҷаҳои хориҷии худ хизмат намуда, мехоҳанд сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоли моро халалдор созанд.
Ана барои ҳамин босавод шудани ҳамаи ҷавонон барои фирефта нашудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро хело зарур аст. Бисёртар ҷавононе ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба доми фиреби ин ҳизбу ҳаркатҳои нопок афтода, ба давлатҳои дигар рафта ба сарсонию мушкилиҳо гирифтор мешаванд.
Ҷавонон ки ояндасози мо мебошанд ояндаи давлати соҳибистиқлоли худро дарк карда тавонанд ва зиракии худро аз даст надиҳанд. Рисолати мо, омӯзгорон, ҳамин аст, ки шогирдонамон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба онҳо ба ҳар роҳу восита фаҳмонем, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо ноором сохтани ҷомеа асту бас.
Барои онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба гурӯҳҳои хеш шомил сохтан кори осон аст. Дар зеҳни ҷавонон идеологияи ғайри қобили қабул ворид менамоянд. Бояд шогирдони мо дарк кунанд ва донанд, ки маҳз ҳамин гуна ашхос чеҳраи террористро ташкил мекунанд.
Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва нангу номусро фаромӯш накунанд. Роҳ надиҳем, ки онҳо ба доми фиребу найранги ҳар гуна гурӯҳҳо афтанд.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират