Терроризм ва экстремизм мафҳумҳое мебошанд, ки бо зӯроварӣ, таҳдид, тарс ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ алоқаманданд. Ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро паҳн кардани тарс, ноором сохтани ҷомеа ва расидан ба мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ мебошад. Онҳо аксар вақт аз номи адолат, дин ё озодӣ сухан мекунанд, аммо амалҳои онҳо комилан зидди арзишҳои инсондӯстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.
Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии экстремизм сатҳи пасти маърифат ва ноогоҳии қишрҳои алоҳидаи ҷомеа аст. Вақте ки шахс дониши кофӣ надорад, ба осонӣ метавонад ба таблиғоти бардурӯғ ва ғояҳои хатарнок бовар кунад. Гурӯҳҳои ифротгаро, махсусан ҷавононро, ҳадафи хеш қарор медиҳанд, зеро онҳо дар марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор дошта, бештар таъсирпазиранд. Онҳо бо ваъдаҳои воло, суханони эҳсосотӣ ва маълумоти ғалат мекӯшанд, ҷавононро аз роҳи дуруст дур созанд.
Ҷавонон неруи асосии ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Агар ҷавонон солимфикр, бофарҳанг ва дорои тафаккури васеъ бошанд, ҷомеа рушд мекунад ва устувор мемонад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, сулҳдӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ аҳамияти хеле калон дорад. Маориф дар ин раванд нақши ҳалкунанда мебозад. Мактаб ва донишгоҳ на танҳо боргоҳи маърифат ва ҷойи омӯзиши фанҳо, балки макони ташаккули шахсияти комил мебошад.
Оила низ дар пешгирии терроризм ва экстремизм нақши бориз дорад. Муҳити солими оилавӣ, муносибати гарм байни падару модар ва фарзанд, назорат ва роҳнамоии дуруст метавонад фарзандонро аз таъсири ғояҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад. Падару модарон бояд ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, бо онҳо суҳбат кунанд, фикру ақидаашонро бишнаванд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Баробари оила ва маориф, ҷомеа ва давлат низ масъулияти бузург доранд. Қонунгузории мустаҳкам, фаъолияти муассиронаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории зичи давлатҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба метавонанд дар коҳиш додани хатари терроризм ва экстремизм нақши муҳим бозанд. Роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳурот таълиму тарбияи дуруст ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошанд.
Фарҳанг ва ахлоқ низ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ аҳамияти калон доранд. Ҷомеае, ки дар он эҳтиром ба инсон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба ақидаҳои гуногун ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, заминаи паҳншавии экстремизмро аз байн мебарад. Санъат, адабиёт, васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд дар тарғиби сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдат саҳми арзанда гузоранд, агар бомасъулиятона истифода шаванд.
Мо бояд дарк намоем, ки бетарафӣ баробари терроризм ва экстремизм хатарнок аст. Ҳар шаҳрванд бояд ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дошта бошад, қонунҳоро риоя намояд ва нисбат ба тақдири ҷомеа бепарво набошад. Танҳо бо ҳамбастагӣ, ваҳдат ва ҳамкории ҳама қишрҳои ҷомеа метавон ба ин вабои аср муқовимати муассир нишон дод.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки терроризм ва экстремизм душмани асосии сулҳ, амният ва пешрафти инсоният мебошанд. Мубориза бар зидди онҳо натанҳо вазифаи давлат, балки рисолати ҳар як шахси ватандӯст мебошад. Бо дониш, маърифат, ахлоқи баланд ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мо метавонем ҷомеаи худро аз ин хатарҳо ҳифз намоем ва барои наслҳои оянда ояндаи амну осоишта бунёд кунем.
Мо, ҷавонон, пайравони Пешвои миллат буда, бар зидди терроризм ва экстремизм ҳастем, зеро мо ҷонибдори сулҳу суббот ва ваҳдат мебошем.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

