• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон такягоҳ ва ояндаи кишваранд

Migration Service by Migration Service
18.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷавонон такягоҳ ва ояндаи кишваранд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷавонон такягоҳ ва ояндаи ҳар ҷомеа ва кишваранд. Инро набояд ҳамчун як таъбири зебо қабул кард. Баръакс, бояд воқеияте донист, ки дар тӯли таърих борҳо исботи худро ёфтааст.

Аз ҳамин ҷост, ки насли калонсол ва махсусан кишварҳои тамоми дунё талош меварзанд, то насли ҷавон шаҳрвандони арзандаи кишвари худ бошанд. Зеро, ҳар ҷавон ва шахсе, ки роҳи камолтарро пеш гирифтааст, вижагии ба худ хос дорад. Талоши аввалину асосиаш ҳамин аст, ки худ ва роҳи худро дарёбад. Дар заминаи ин раванд ӯ дарк месозад, ки нақшу рисолаташ барои ҷомеа ва миллат чист. Ин давраи бисёр ҳассос аст ва на ҳар ҷавон ба умқи он сарфаҳм меравад. Барои ҳамин, ба насли ҷавон ҳамеша роҳнамо зарур аст. Ин роҳнамову пешкор, агар тавонист насли ҷавонро барои ободгариву хидмат ба Ватан равона сохта, тавассути он давлатро тавонотару беҳтар созад, ояндаи миллат ҳам аз чунин неру тавоноӣ ёфта, дар офият мемонад. Яъне, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳои захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои ҳамин давлатдорон сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа дониста, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи сиёсатмадороне ба ҳисоб мераванд, ки ин маъниро амиқан дарк карда буданд ва дар лаҳзаҳои душвортарин аз ин нерӯи тавонманд ҳадафмандона истифода бурданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Сарвари давлат сиёсатмадори ниҳоят ҷавон ҳисоб шуда, роҳбарии як мамлакати ҷангзадаву парешонро ба зимма гирифта буданд. ​Сарфи назар аз ин, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбарии хеш ҳамеша мегуфтанд, ки ҷавонон неруи созандаи кишваранду ба онҳо бояд бовар кард.

Аз ҳамин ҷост, ки яке аз нахустин мулоқотҳои худро бо ҷавонони фаъоли Тоҷикистон 2-юми феврали соли 1993 баргузор намуданд. Ин мулоқот, ки тавассути шабакаҳои телевизион ба мардум нишон дода шуд, Сарвари давлатро ҳамчун як шахсияти таҳаммулпазиру дурандеш бештар муаррифӣ кард. Он замон Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати кӯтоҳе анҷом дода, зарур донистанд, ки бештар ҳарфи дили ҷавононро бишнаванд.

Аз ин хотир, минбарро аксари вақт дар ихтиёри ҷавонон гузоштанд. Дар натиҷа ҷавонон бо ҳарорату эҳсосоти амиқ дар бораи руйдодҳои ҷумҳурӣ мавқеи худро изҳор намуданд ва исбот сохтанд, ки ба воқеаҳои замон бетараф набуда, балки омодаанд тавонмандиҳои хешро барои бартараф сохтани мушкилот комилан истифода намоянд. ​

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошанд.

Мухамедҷонова Парвина,

Корманди масъули шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир бошем

Next Post

Ҳамеша бо муҳаббат ва умед ба оянда гап мезанем!

Next Post
Ҳамеша бо муҳаббат ва умед ба оянда гап мезанем!

Ҳамеша бо муҳаббат ва умед ба оянда гап мезанем!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.