Имрӯз дар қатори дигар давлатҳо Тоҷикистон низ барои бартараф намудани ҷиноятҳои вазнин ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо чораҳо андешида истодааст.
Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд оромии кишварҳоро халалдор кунанд.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм исбот менамояд, ки барои ба ҳадаф расидан таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯавӣ бобати бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии ба фаъолшавии онҳо равонашуда лозим аст.
Маҳз, бо ин мақсадҳо дар кишвар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст, ки он дар давлатҳои Осиёи Миёна ҳамто надорад. Стратегияи мазкур доираи васеи ҳадафҳоро муқаррар намуда, сиёсати давлатро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ муаяйн менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои инсоният хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аммо барои ҷавонон фаҳмиш оид ба терроризм, экстремизм ва радикализм душвориро пеш меоварад. Аз ин рӯ, бархе ҷавонон гумроҳу фирефта шудани худро нафаҳмида мемонанд. Барои ин ҳар як шаҳрванди солимақида, волидон, омӯзгорон, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, ҳадафҳои ифротгароёнро фаҳмонанд, дар тафаккури онон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ – ваҳдат, сулҳу субот ва ватанпарвариро парвариш тарбия намоянд.
Ҷалилов Фирдавс,
Мутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират