Воқеаҳои кишвари ҳамсояи мо Афғонистон тамоми башариятро ба ташвиш овардааст. Зеро баъди бист соли муборизаҳои ин мардум боз ба сари қудрат он қувваҳое омаданд, ки мехоҳанд, ҷомеаро ба даврони зулмат, бесаводӣ ва таассуб баргардонанд. Албатта, Тоҷикистони мо наметавонад дар ин қазия бетараф бошад, зеро, мо ҳамсояву ҳамзабонем. Мо ҳарчи зудтар тарафдори барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишварро ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии худ медонем.
Ба ҷавонони ояндасоз муроҷиат намуда гуфтаниам, мо бояд ҳикмати гузаштагонамон “Аввал андешаву баъд гуфтор”‐ро ҳамеша дар хотир дорем, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Фирефтаи суханҳои бофтаю беасоси душманони Ватан нашуда, пеш аз ҳама, ба қадри сулҳу ваҳдат, арзишҳои миллии хеш бирасем. Ва он имконоту шуҳрати имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз самараи талоши пайгиронаю хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар аст. Он кас бо қабули масъулият дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардиданд.
Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом доданд, боис шуд, ки тамоми халқ ба барномаҳои ояндаи Ҳукумати кишвар бо умед бингаранд ва бо боварӣ пайрав бошанд.
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе