БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ

24 сентябри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият» баргузор гардид.

Конференсия аз қисматҳои ифтитоҳию пленарӣ ва чор бахши тематикӣ, ки марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат аз ҷумла, ташаккули бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, танзими равандҳои муҳоҷират дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ дар замони Истиқлолият, рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунарҳои мардумӣ иборат буд.

Дар Конференсия олимону муҳаққиқон, коршиносон, шарикони иҷтимоӣ ва рушд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ инчунин, васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуданд. Ҳамзамон, тариқи фосилавӣ олимону муҳаққиқон ва коршиносон аз хориҷи кишвар низ ҳамроҳ шуданд.

Конференсияро муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Раҳмонзода А.А. оғоз намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 30 соли истиқлолияти давлатӣ марҳилаи азими созандагиро пушти сар намуда, бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои ҷумҳурӣ аз оғоз бо тарҳи наву ҳадафҳои ҷадид ташаккул ва такомул дода шуд. Ин иқдомот дар самтҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз таъсиси низоми қонунгузории соҳавӣ оғоз шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, рушди роҳнамоии касбӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва дигар самтҳои фаъолият қабул гардиданд.

Дар идомаи кори конференсия олимону коршиносон ва муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ доир ба рушди муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатӣ, танзими раванди муҳоҷират низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва алоқамандии он ба бозори меҳнат, сохтори шуғли захираҳои меҳнатӣ дар шароити технологияи иноватсионӣ, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи ҳунармандӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳлилҳо ва пешниҳодҳои худро барои тақвияти фаъолият манзур намуданд.

Айни замон кор дар сессияҳои тематикӣ идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо