Бо ибтикоришуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара бо иштироки зиёда аз 200 нафар сокинони шаҳр, вохӯрии судманд доир гашт.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, аз ҷумла пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони ба ватан баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сухан ироа гардид.
Қайд гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ ба василаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат аст. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчубаи қонун муқаррар шудааст.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Моҳиятан дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд