Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ муборизаро дар баробари дигар самтҳои ҷинояткорӣ, бахусус коррупсия ҳамчун самти сиёсати давлатӣ қарор дода ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар ин самт оғоз намуда аст. Чунончӣ, бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабул ва амалинамоии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯи манфиатҳои умумимиллӣ ва мукаммалгардонии онҳо ба тасвиб расидааст.
«Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
(Эмомалӣ Раҳмон)
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия таъсир гузоранд. Аз замони тасвиби Конвенсияи Созмони Миллалӣ Муттаҳид зидди коррупсия дар таърихи 25 сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат бо коррупсияро муқаррар намудааст пазируфтааст.
Санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7.08.2020, №1714 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат бо коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрван, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомотҳои давлатӣ ва беғаразӣ дар низоми хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар моддаи 1 Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт пешбинӣ шудаанд. Метавон шарҳи мафҳумҳои мазкурро мисол овард:
1) муқовимат ба коррупсия фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳкиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудорандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;
2) ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷинояти мегарданд;
3) хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндаги карда, хочагии умумӣ мебаранд.
Тибқи муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
- Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
- Таҳлили хавҳои коррупсионӣ;
- Мониторинги зиддикоррупсионӣ;
- Чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
- Талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
- Ҷори намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
Дар навбати худ, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат дар ҷумҳурӣ ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳрии Тоҷикистон ва фармони Президенти ҶТ аз 30.08.2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар ҶТ» қабул гардида, амали карда шуданд.
Дар илова ба санадҳои номбурда, инчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 3.08.2021, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад аз вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, сухбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амали карда мешаванд. Зимнан муқовимат ба коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда шуда, самаранокии он ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманди дорад.
Вобаста ба ин кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ чораҳои заруриро андешида ҷиҳати коҳиш додани ҳамагуна самти ҷинояткорӣ дар ҳудудӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриву корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда аз натиҷаи он дар сомонаҳои даврӣ мақолаҳо нашр намуда истодааст.
Табиист, ки пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат ба он кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари суръат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ мебояд арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шавад.
Ғайбуллоев Баҳрулло,
Мудири бахши Хадамот муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ