Кор дар кишвари Ҷопон
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандонро барои омӯзиши забони ҷопонӣ даъват менамояд. Шаҳрвандоне, ки бо муваффақият забонро аз худ мекунанд, барои сафарбаршавӣ барои кор дар соҳаҳои гуногун дар кишвари Ҷопон дар соли 2026 ба қайд гирифта мешаванд.
- Сину сол аз 20 то 39 сола
- Музди меҳнат зиёда 12 доллари амрикоӣ дар як соат
- Надоштани доғи судӣ
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои бақайдгирӣ оиди омӯзиши забони ҷопонӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, куч. С. Айнӣ 121 муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират