Муҳоҷирони экологӣ аз қарзи имтиёзнок бархурдор гардиданд

[:tj] 

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 декабри 2016, таҳти №540 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёна мўҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологии вилоят барои солҳои 2017-2020» соли равон аз ҷамоатҳои деҳоти Ростровут ва Ваҳдати ноҳияи Деваштич 14 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар шаҳраки навбунёди «Баҳористон» бо қитъаи замин таъмин гардиданд.

Дар қарори мазкур масъулин вазифадор шуда буданд, ки пардохти қарзи имтиёзнокро дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ба ҳар як оила ва кўмаки яквақтаи моддӣ дар ҳаҷми 100  сомонӣ ба сардор иоила, 50 сомонӣ ба ҳар як аъзои оилаи муҳоҷирони экологӣ тавассути филиали Бонки давлатии амонатгузории ҶумҳурииТоҷикистон «Амонатбонк» таъмин намоянд.

Бо мусоидати Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамаи 14 оилаи муҳоҷирони экологии ноҳияи Деваштич бо қарзи имтиёзнок ва кўмаки яквақтаи пешбинишуда таъмин гардиданд.

Бино ба иттилои мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов айни замон муҳоҷирони экологӣ ба сохтмони манзил дар шаҳраки Баҳористон оғоз намудаанд. Ният доранд, ки то охири сол корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, ба манзилҳои нав кўчанд.

Ҳангоми дастрас намудани қарзи имтиёзнок ва кўмаки яквақтаинаи моддӣ муҳоҷирони экологӣ Ҷамшеди Холмаҳмад ва Сангин Шарипов аз номи ҳамаи муҳоҷирон барои ғамхорӣ ва дастгирӣ ба унвони роҳбарият миннатдорӣ баён намуданд.

 

                                                                             Мардон ҚУРБОНОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо