[:tj]Иштироки сардори Раёсат дар Конференисияи илмӣ – амалӣ
Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад ва Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» рўзи 7-уми ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар мавзўи «Саҳми диаспораҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ низ дар ин чорабинии бонуфуз иштирок намуд.
Бино ба иттилои номбурда дар қисмати расмии конференсияи илмӣ – амалӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, Сафири фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин – Фролов Игор, директори Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Илҳом, роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Транка Кристина ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Халилов Нурмаҳмад суханронӣ карданд.
Баъдан дар рафти 4 сессия масъалаҳои «Самтҳои стратегӣ оид ба масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (модератор Тағойзода Сумангул Саид), «Диаспораҳо ҳамчун шарикони рушд» (модератор Бобоев Илҳом», «Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» (модератор Шарипов Толибҷон) ва «Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ: таҷрибаи бадастомада ва дурнамои рушд» (модератор Саидов Саидасрор) мавриди баррасии васеъ қарор гирифт.
Дар доираи ин чор мавзўи асосӣ перомуни масъалаҳои ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, ҷалби диаспораҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақши диаспораҳо дар интегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мусоидат дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспораҳо чун созмонҳои пешбурди сиёсати қувваи нарм, нақши диаспораҳои тоҷик ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ёрӣ расонидан барои нигоҳдории забон ва фарҳанги миллии мардуми тоҷик, кўмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолияти ташкилоти миллӣ – фарҳангии «Ҳамватан», омодии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар хориҷа, кафолати муҳоҷирати бехатар, будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣдар қаламрави Федератсияи Русия, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ: натиҷаҳои мониторинги пешакӣ, маҳсулоти кортӣ аз ҶСП «Спитаменбонк», таҷрибаи истифодаи имкониятҳои ИКТ дар соҳаи реинтегратсияи иҷтимоӣ – иқтисодии муҳоҷирони ба Ватан баргашта, муҳимияти реинтегратсияи иқтисодӣ – иҷтимоии чунин муҳоҷирон, мусоидати ташкилотӣ ба донишҷўёни тоҷик дар Федератсияи Русия, таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути омўзиши малакаҳои касбӣ ба муҳоҷирони ба Ватан баргашта дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хисрав, фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» дар самти ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва инъикоси фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия дар васоити ахбори омма ибрози назар карда шуд.
Падидаи ҷолиб дар конференсия иштирок намудани намояндагони як қатор диаспораҳо ва ҷамъиятҳои миллӣ – фарҳангии ҳамватанонамон дар хориҷа буд. Ҳамзамон таҷрибаи пешқадами баъзе шаҳру ноҳияҳо дар мавриди реинтегратсияи иҷтимоӣ – иқтисодии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути омўзиши малакаҳои касбӣ ташвиқу тарғиб гардид, ки барои пешравии кор дар самти мазкур дар дигар шаҳру навоҳии кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар интиҳои кори ҳар сессия доир гардидани саволу ҷавоб ва муколамаи озод имкон фароҳам овард, ки ҳар нафар иштирокчӣ фикру андеша ё таклифу пешниҳодашро оид ба ин ё он масъала баён намояд.
Конференсияи илмӣ амалӣ бо сухани ҷамъбастии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид ва супоридани сипосномаҳо ба анҷом расид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суѓд[:]