Ба БАРНОМАИ НАВИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БОБИ МАХСУС ВОРИД ГАРДИДААСТ

[:tj] 

6 феврал дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»  нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар нишаст Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух дод.

Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи  тафовути «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» аз барномаҳои қаблии он муовини якуми вазир Эмин Сангинзода посух дода, зикр кард, ки «агар барномаҳои қаблии мусоидат ба шуғли аҳолӣ  ду солро дар бар мегирифтанд, барномаи нави он  барои се сол  тарҳрезӣ шудааст».

Эмин Сангинзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки  Барномаи нав  имкони дарбаргирии  198 ҳазор шаҳрвандро дорад. Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ба Барномаи мазкур  боби махсус ворид гардидааст. Ҳадафи шомилсозии  боби мазкур рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандоне мебошад, ки  ба омӯзиши онҳо шавқу рағбат доранд.

«Тибқи Барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ  12 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб  гардида, ба 1510  нафар шаҳрвандоне, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкориро дар ҷодаи ҳунарҳои мардумӣ доранд, қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Ҳамчунин 37 ҳазору  800 нафар шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта  шуда, дар се соли оянда дар муассисаҳои «Маркази таълими калонсолон»-и низоми вазорат  54 ҳазору  338 нафар шаҳрванд ба таври ройгон ба касбомӯзӣ  ҷалб  карда мешаванд», — афзуд  муовини вазир.

Дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2019  бо дахолати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 20 млн. 523 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон  аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 34 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба  шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Инчунин бо мусоидати намояндагӣ зиёда аз 12 450 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин гардиданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки   соли 2019  дар истеҳсолот 79 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст.  Дар натиҷаи ин ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ  56 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 51 кас  ба ҳалокат расидаанд. Ҷуброни зарари расонидашуда ба маблағи 2 млн. 192,8 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумакпулиҳои яквақта ба оила ва кумакпулиҳои ҳармоҳа ба ашхоси ғайри қобили кори таҳти саробонии фавтидагон қарордошта муайян ва пардохт карда шуд.

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо