Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид

10 июни соли равон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

Тибқи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ҳамкориро дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи сиёсати фаъол дар бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати қувваи корӣ, таҳия ва истифодаи стандартҳои касбӣ ва тахассусӣ, омӯзиши касбии шахсони бекор ва корҷӯ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, ташкил ва такмили кор дар самти назорат оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, назорати риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, гузаронидани тадқиқотҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ мемонанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо