Пеш аз баёни моҳияти масъала зарур аст, ки доир ба худи мафҳуми худшиносӣ равшанӣ андозем. Зеро бе дарки мафҳумҳои куллие, ки дар масъалагузорӣ ба миён меоянд, наметавон ба ҳалли масъалаи пешбинӣ шуда ноил гардид.
Худшиносӣ мафҳуми васеъ ва дорои маъноҳои гуногун аст. Илова бар ин худшиносӣ таркиби сохтории худро дорад, ки иборат аст аз:
- Худшиносии фитрӣ, ки дар адабиёти классики онро маърифати нафс мегӯянд. Худшиносии фитрӣ марбути худи шахс аст, яъне огоҳии шахс аз худ, ки фарогири саволҳое ба монанди ман кӣ ҳастам? Барои чӣ ҳастам? Мақсади мавҷудияти ман дар чист? Дарёфти посухи ин ва дигар саволҳои марбут ба ин маънӣ ба худшиносии фитрӣ оварда мерасонад.
- Худшиносии миллӣ, ба ин маънӣ шинохти ному насаб, маҳал, зодгоҳ, миллату кишвар ва арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дохил мешавад.
Бояд таъкид кард, ки бе худшиносии фитрӣ ба худшиносии миллӣ наметавон расид, зеро байни онҳо ҳам вобастагии куллӣ вуҷуд дорад.
Худшиносӣ, қобилияти худидоракуниро дар шахс ба вуҷуд меорад ва дар ин ҳолат шахс имкон пайдо мекунад, ки рафтори худро мустақилона идора ва назорат кунад, яъне худашро худ тарбия намояд.
Карл Маркс худшиносиро аввалин шарти хирадмандӣ медонад.
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки худшиносӣ беомӯзиш дар атрофи худ ва шинохти асрори худ ба даст намеояд.
Муҳаммад Ғазолӣ худшиносиро асли муҳими инсонӣ ва мусулмонӣ медонад ва дар китоби “Кимёи саодат” қайд мекунад, ки «Инсон ба хотири дарки моҳияти вуҷуди худ офаридашуда аст. Огоҳӣ пайдо кардан аз моҳияти хеш ба ташаккули шахсияти инсон оварда мерасонад».
Масъалаи дигар ин аст, ки мо бо кадом роҳҳо метавонем худшиносии фитрӣ ва миллии афроди ҷомеаро ташаккул диҳем? Дар ҳалли ин масъала донишмандон андешаҳои гуногун баён кардаанд.
Муҳимтарин роҳи ташаккули худшиносиро донишмандон дар мутолиа ё омӯзиш медонанд. Бо роҳи омӯзиш фард аз самтҳои заъфу нотавониҳои худ бархурдор шуда, барои бартараф кардани он талош мекунад. Инчунин аз тариқи мутолиа ё омӯзиш тавонмандӣ ва зарфиятҳои худро дар меёбад ва онҳоро тақвият медиҳад. Агар шахс нуктаҳои заъфи худро дар ёбад ва барои ислоҳи он талош кунад, инчунин аз тавонмандию бартариҳои зеҳнии худ бархурдор шавад у барои тақвияти он талош кунад ба баландтарин дараҷаи худшиносӣ мерасад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зиддӣ экстремизм ва терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Дигар омиле, ки ба ташаккули худшиносӣ оварда мерасонад, ин огаҳи аз таърихи гузаштаи худ мебошад. Махсусан омӯзиши зиндагинома ва осорӣ нобиғаҳои илму фарҳанг ва сиёсат метавонад дар ташаккули худшиносии афроди ҷомеа нақши муассир гузорад. Зеро бо омӯзиши таърихи гузаштагон метавон аз иштибоҳои онҳо панд гирифт ва аз муваффақиятҳои онҳо баҳрабрадорӣ кард.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Бепайванди тамаддуни имрӯзаи тоҷикон ба таърихи куҳанбунёди хеш ва беогоҳи аз таърихи худ, расидан ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти комилу ваҳдати сартосарӣ имконнопазир аст». Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки агар аз як тараф омӯзиши таърихи ниёгон ба ташаккули худшиносии миллӣ оварда расонад, аз тарафи дигар ташаккули худшиносии миллӣ ба таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ боис мегардад.
Дар ҳақиқат худшиносии миллӣ боиси устувории пояҳои давлатдорӣ мегардад. Маҳз ҳамин ҳисси баланди худшиносии миллии аҷдодони мо буд, ки дар марҳилаҳои душвори таърихӣ арзишҳои миллии худ аз қабили забон, хат, ҷашнҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва дар маҷмуъ фарҳангу тамаддуни худро ҳифз намуданд. Дар таърих борҳо аҷнабиён талош карданд, ки ин фарҳанги бой ва пурғановати моро аз байн баранд, вале ҳамеша онҳо ба муборизаи шадиди фарзандони фарзона ва худ огоҳу худшиноси миллат ру ба ру гардиданд. Масалан, ҳангоми ҳуҷуми арабҳо ба ин минтақа онҳо як сиёсати нодурусти идоракуниро ба роҳ монданд, ки он асосан ба манфиати араб ва бар зарари мардумони ин минтақа махсусан мардумони ориёинажод буд. Арабҳо тавонистанд тавассути ин сиёсати нодурурсти идоракунии худ ду тамаддуни бузург: тамаддуни миср ва бобулро бо хату забон ва арзишҳои фарҳангиашон аз байн баранд, вале ин корро ба фарҳангу тамаддуни мо анҷом дода натавонистанд. Дар баробари ин сиёсати нодурусти идоракунии арабҳо ҳаракатҳои гуногуни миллӣ ва хонадонҳои миллию худшиноси тоҷик ба миён омад, ки ҳаракати Шуубия ва хонадонҳои асили миллӣ Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён аз ҷумлаи онҳо аст. Илова бар ин дар тули таърих фарзандони фарзонаи миллат ва нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷик ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Иқболи Лоҳурӣ, Аҳмади Дониш, Нусратулло Махсум, ШириншоҳШоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони худшиноси миллат рисолати худро бо эҷоди осори арзишманд анҷом доданд.
Аз ин хотир огоҳӣ аз моҳияти таърихи ниёгон ва омӯзиши осори бузургони миллат барои ташаккули худшиносии миллӣ заминаи асосӣ мегузорад. Зеро огоҳӣ аз осори арзишманди ин бузургон ва ибрат гирифтан маҳз пандҳои таърихӣ метавонад дар замири афроди ҷомеа ҳисси меҳру муҳаббат ба ватан, арзишҳои миллию инсонӣ, ахлоқӣ, ифтихор аз фарҳанги бой ва дӯстию рафоқатро ба вуҷуд биёрад, ки дар маҷмуъ ҳамаи инҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ оварда мерасонад.
Худшиносии миллӣ боиси устувории ваҳдати миллӣ мегардад. Вақте, ки афроди ҷомеа аз таърихи гузаштагони худ бархурдор бошад ва донад, ки дар гузашта чи гунна қавму қабила ва халқиятҳои як миллат дар канори ҳам истода сарзамини худро аз аҷнабиён ҳифз намуданд ва дар канори ҳам дӯстона зиндагӣ мекарданд, аз ин намунаҳо ибрат гирифта дар натиҷа дар вуҷуди афроди ҷомеа меҳру муҳаббат нисбат ба якдигар пайдо мегардад. Ин эҳсоси муҳаббат боиси равнақи дӯстӣ дар байни халқиятҳо гардида, дар маҷмуъ боиси таҳкими ваҳдати миллӣ мегардад.
Ташаккули худшиносии миллӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа зарурӣ аст, вале дар ин миён табақаи ҷавонон, ки нерӯи бузурги иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд ташаккули худшиносии ин қишри ҷомеа боиси устувортар гардидани пояҳои давлатдорӣ мегардад.
Чуноне, ки маълум аст, ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Пешвои миллат ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва зиёиёни кишвар яке аз бахшҳои онро ба масъалаи ҷавонон бахшида ҷавононро ояндасозони ҷомеа муаррифӣ менамояд.
Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар суханрониҳои Президенти кишвар дар мавриди ҷавонон аз эҳтироми арзишҳои миллӣ, арзишҳои давлатӣ, забони модарӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллии хеш иборатанд.
Ин таъкидҳои Пешвои миллат бе асос нест, зеро чуноне, ки маълум аст, раванди ҷаҳонишавӣ, ки бо суръат оламро фатҳ намуда истодааст, миллатҳо ва қишрҳои он метавонад осебпазир гарданд. Ҷавонон бошанд қишри муҳими ҷомеа дар сохтори иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир раванди ҷаҳонишавӣ метавонад зуҳуроти номатлубро низ дар миёни ҷавонон ба вуҷуд орад, ки яке аз ин гунна зуҳуроти номатлуб ифротгароӣ мебошад.
Ҳамеша таъкид кардан ва даъват намудани Пешвои миллат ба «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсию таҳаммулпазирӣ» беасос нест. Ин таъкидҳои Пешвои миллат ба тамоми қишрҳои ҷомеа махсусан ҷавонон аст. Зеро дар замони муосир ҷавонон аз ҳама беш қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта ба зудӣ ва осонӣ онҳо туъма ё воситаи манфиатхоҳон мешаванд. Аз ин хотир ташаккули худшиносии ҷавонон омили муҳимтарини ҳифзи ин табақа аз ин хатарҳо аст.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ироа намудаанд, дар шароити ҷаҳонии пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгаро динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.
Баротов И.,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор