Пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Пешгирӣ намудани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад
Аз тадқиқотҳои илми криминология ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ, террористӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозанд.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, экстремизм пештар ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори саёраи мо ба амал меояд.
Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқаррароти дини ислом сӯйистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, амал менамоянд.
Сабабу решаҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ бештар омили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ буда, баъзе аз ҷавонон фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ҳаракатҳои тундрав мешаванд.
Дигар сабаб ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ аст, ки олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад.
Бояд гуфт, ки тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист.
Экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунондани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳад, ки ин амали норавост.
Рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ, нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани гурӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷинояткорон мегардад.
Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон кори таблиғотӣ – ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш гузаронида шавад. Аз имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо бештар истифода бурдан лозим аст.
Ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро, ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд. Таҳсили донишҷуён дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомотҳои масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми терроризм ва экстремизм кашида мешаванд.
Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад.
Раҳмонзода Амиралӣ,
Сардори раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират