Ҳаёт, кадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аввалин Конститутсияи дар даврони соҳибихтиёрӣ қабулкардааш, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз ба таъмини риояи ин арзишҳои олӣ нигаронида шудаанд.
Ҷиҳати дар амал татбик намудани ин кафолатҳо, дар сатҳи конститутсионӣ яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дар симои ҳокимияти судӣ вазифадор гардидааст.
Дар ин самт, санадҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуданд, ки дар асоси талаботи моддаи 10 Конститутсия қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва аъзои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯро ва кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам иштирок ва маърӯза намуда, доир ба ҳолати риояи ин муқарраротҳо дар муколамаҳо иштирок менамояд.
Яке аз масъалаи муҳим, ки ба таъмин риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад.
Дар аксари ҳолат қурбониёни савдои одамон дар муҳити барояшон бегона, кишвари бегона ва ё шаҳри бегона, дар иҳотаи одамоне ҳастанд, ки ба онҳо зулм мекунанд ва хушунат мерасонанд. Аз ин рӯ, қурбониён ба осонӣ ба одамон боварӣ ҳосил карда наметавонанд.
Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати вокеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.
Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кӯдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад.
Дар ин ҷодда, аз тарафи Ҳукумати кишварамон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истисмори онҳо барои фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм аз 2 декабри соли 1949, конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф карда шуданд.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фуруши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» 26 июли соли 2014 №1096 муаян менамояд.
Ғайр аз ин, Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 қабул ва иҷроиши он таъмин карда шуда, айни замон Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 мавриди иҷро қарор дорад.
Ҷинояти мазкур яке аз кирдорҳои нанговар ба шумор рафта, аз ҷониби иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба муқобили ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.
Таркиби ҷинояти савдои одамон ба Кодекси Ҷиноятӣ бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 августи соли 2003, № 45 дохил карда шудааст. Яке аз асосҳои ба Кодекси Ҷиноятӣ дохил намудани чунин таркиби ҷиноят – ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он, ки илова ба конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, ба ҳисоб меравад. Ин санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Маттаҳид аз 15 ноябри соли 2000 қабул шудааст ва онро Ҳукумати кишвари мо 29 майи соли 2002 тасдиқ кардааст.
Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият ҳавфнокии махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равон шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва таҳриби субботу устувории вазъи иҷтимоӣ-иктисодии давлат мебошад.
Фаридун Алимардонов, Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён