Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.
Эмомалӣ Раҳмон
Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи “Шоҳнома”, Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибонро ҷовидон ба камол расонид.
Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонанду дунё тираву тор мегардад.
Чуноне, ки гуфтаанд:
Расад ҷон бар лаби бечора устод.
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам монданамон муаллим моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонад. Пас аз чанд сол бо ҳамон чеҳраи кушод ба зиндагии мустақилона мегуселонад.
Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шогирди хуберо барои ҷомеа ба воя расонад. Барои ин ӯ чӣ қадар нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, вале боре ҳам шикоят накарда, ба кори худ содиқ мемонад. Пас мо шогирдонро мебояд ҳамаи заҳматҳои кашидаи устодонро пос дорем ва корҳоеро ба сомон расонем, ки устодон аз мо бифахранд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон ба муносибати Рӯзи дониш қайд карда буданд, ки “Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо тааммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз устодон- омӯзгорон аст. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зима гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Чуноне, ки Пешвои маҳбуби миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон қайд карда буданд, ки “Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад”.
Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад.
Сарвари маорифпарвари мо, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, қадру эътибори муаллимро хело боло бардоштаанд, ки баҳои олӣ заҳмати муаллим аст.
Хулоса, омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу ватан қадр доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.
Ба ҳамаи Шумо, устодони муҳтарам ва муаллимони азиз, фарорасии иди касбӣ “Рӯзи муаллимон”-ро бори дигар самимона табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз, хонаободию саодати рӯзгор ва дар роҳи иҷрои вазифаҳои наҷибу пурмасъулияти дар наздатон истода комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно дорам.
Ид муборак устодону муаллимони азиз!
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб