Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо ҲХДТ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-уми шаҳри Конибодом вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, конунгузории ФР пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ, сил,ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо омӯзгорон ва хонандагон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқоти судманд баргузор карда шуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин нерӯи муттаҳид будани насли ҷавон маҳсуб меёбад.
Воқеан, ҷавонон ҳамчун пешбарандаи ояндаи миллату давлат, ҳифз ва талқинкунандаи фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллию анъанавӣ дар байни имрӯзу ояндаи ҷомеа буда, идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои инсонӣ мебошанд, ки бар ин васила рисолати ояндаи дурахшони ҷомеа аз ҷавонон вобастагӣ дорад.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом