Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М. оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм баромад намуд.
Қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад.
Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.Савдои одамон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст.
Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани талаботи истеъмолӣ ба савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад.
Хусусиятҳои муташаккил ва фаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамон дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.
Бояд қайд кард, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо дар ҷамоату деҳоти шаҳри Исфара мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара