Бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо сокинони маркази ноҳия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуд.
Масъалаи асосии чорабинӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон. алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, муҳоҷирати бехатар, шинос намудани шаҳрвандон бо қоидаву қонунҳои нави Федератсияи Россия буд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират оид ба пешгирии бемориҳои сирояти, ВНМО ва тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирфтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо сӯҳбатҳои озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ минбаъд низ ҷиҳати гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни сокинони ноҳия хубтару беҳтар ба роҳ мемонад.
Бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ