Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар назди бозори марказии ҷамоати деҳоти Пунук ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 2682 ҷойҳои корӣ дар НБО «Роғун» ва зиёда 50 ҷойҳои холии корӣ дар ширкати «Апрелёвка» бо фарогирии беш аз 100 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан баргашта баргузор намуданд.
Ҳамзамон ташкилкунандагони ярмарка ба ҳозирин оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова С. вобаста бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» сухан гуфта, доир ба мавзӯъ варақаҳо буклетҳо пешниҳод намуд.
Инчунин 20 нафар шаҳрвандон аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст ба вакансияҳои ҶСК «НБО Роғун» шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал гирифта, иброз доштанд, ки дар рӯзҳои наздик аз хулосаи худ хабар хоҳанд дод.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам гузаронида мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт