Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои ғайрқонунӣ ва даст задан ба корҳои ношоям, ҷинояткорӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва масъалаи муҳоҷирати бехатар, омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷамоати деҳоти Кулканд бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи ҷамоат вохӯрӣ доир намуд.
Мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М. қайд кард, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Ҳамзамон ӯ оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгири, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо дар дигар ҷамоату деҳоти шаҳри Исфара мунтазам идома дорад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара