Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ вохуриҳои навбатиро бо сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаи онҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ванҷ баргузор намуд.
Зимни вохӯриҳо мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Мулкамон Каниев ба хозирин, муфассал оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, доштани Сертификат оид ба донистани забон, таърих ва қонунгузории кишвари қабулкунанда, риояи будубош ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуд.
Ҳамзамон ӯ чанд сухан дар бораи мафҳуми экстремизм ва терроризм гуфта, қайд кард, ки имрӯз ҷаҳони муосир ҷаҳони пуртазод ва мураккаб буда, бештар оташ гирифтани низоъҳои мусаллаҳона, амалҳои террористӣ, аз ҷумла ҷавонони “шаҳодатталаб”, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст.
Мутаассифона, дар аксари кишварҳои ҷаҳон ихтилофҳои динию мазҳабӣ, қавмию сиёсӣ шакли мусаллаҳона гирифта, бо шеваи бераҳмона ва зиддибашарӣ идома доранд.
Истифодаи неруи ҷавонон дар амалӣ намудани ақида ва ғояҳои хатарноки ифротӣ нишонаи костагӣ дар устувории мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии фаъолияти тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва сиёсиро тақозо менамояд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз ҷониби ҷавонон нисбат ба солҳои қаблӣ кам ба чашм мерасад.
Яке аз роҳҳои бехатарии ҷалби ҷавонон бо усули маҷозӣ (виртуалӣ), бо истифода аз телефонҳои мобилӣ ҳушманд ба ҳисоб меравад, яъне мубаллиғ дар хориҷи кишвар нишаста аз дохили ҷумҳурӣ бо бурдани ташвиқоти виртуалӣ ҷавононро ҷалб месозад.
Аксари шаҳрвандон ба воситаи Интернет ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ моил шуда, аз телефонҳои мобилии пуриқтидор ва барномаҳои месенҷерии “Вайбер”, “Ватсап”, “Телеграм”, “Инстаграм”, “Ютуб”, “Фейсбук” ва ғайра истифода мебаранд.
Мо бояд шаҳрвандонро, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад, ҳушдор намоем, ки ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд, ҳангоми истифодаи Интернет зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Аз ин лиҳоз ба мо зарур аст, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, омодагии хуб бинанд ва ба сафарбар намудани муташаккилона ҷалб намоем.
Бояд қайд кард, ки чунин вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Техарв, Рованд, А.
Маҳмадҷонов ва Язғулом низ баргузор карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ