“Дар шароити тағйирёбандаи вазъи ҷаҳонӣ, танзими самараноки равандҳои муҳоҷират яке аз вазифаҳои калидии давлат маҳсуб мегардад.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати банақшигирии дурусти стратегия ва танзими фарогири равандҳои муҳоҷират чораҳои таъхирнопазир меандешад” иброз намуд сардори раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират Солеҳ Аскарзода.
Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стретагияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040-ро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки мизи мудаввар бо иштироки масъулини иҷрои бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стретагия доир карда шуд.
Яке аз масъалаҳои асосии чорабинӣ, муҳокимаи усулҳои иннаватсионии танзими қувваи корӣ тавассути банизомдарории равандҳои муҳоҷират буд.
Ҳамзамон, С.Аскарзода ба ин нуқта таъкид намуд, ки таҳкими сохтори дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти масъулини татбиқи чунин барномаҳои дарозмуҳлати соҳавӣ омили татбиқи бомуваффақияти стратегия мебошад.
Дар ҷараёни баррасии масъала, инчунин зарурати тақвият бахшидани робитаи Хадамоти муҳоҷират бо ҷомеа тавассути технологияи рақамӣ, махсусан дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, ки Стратегияи мазкур пешбинӣ намудааст, баррасӣ карда шуд.
Чорабинӣ ба масъулини татбиқи Стратегия – кормандони Хадамоти муҳоҷират имкон дод, ки дар қисмати музокира намудани масъалаҳои баҳсталаб иштироки озод дошта бошанд ва ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои мушаххас дарёфт кунанд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти хадамот барои назорати доимии стратегияи мазкур ва иҷрои саривақтии он дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират.