Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик мулоқоти навбатӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Баҳманруди ноҳия баргузор гардид, ки дар он муҳоҷирони ба Ватанбаргашта ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Дар баромад мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафарзода оид ба расмикунонии будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маълумот дода, таъкид кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари Россия ба марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷирати шаҳри Москва ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуuли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намуда, ҳуҷатгузориашонро дуруст ба роҳ монанд.
Ҳамзамон дар мулоқот оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуд.
Дар мулоқот, чанд сухан дар бораи пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ дар муҳоҷират ба монанди ВИЧ СПИД, СИЛ ва дигар намудҳои бемориҳои сироятӣ иброз намуд.
Инчунин дар мулоқот сухан дар бораи мубориза бо Коррупсия ироа гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт фаъолиятро оuоз намуд.
Воқеан қатъи назар аз он, ки мубориза бо ин зуҳурот аз ҷониби Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта ошкору ришвахурон дасгир мешаванд, вале то ҳанӯз ин амали нангин дар ҷомеа аз байн нарафтааст, Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар робита ба таъкиди Президенти кишвар амал намуда, дар муқовимат бо фасоду ришвахӯрӣ бетараф набошанд.
Байни баромадкунандагон ва иштирокчиён оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани Патент, иҷозатномаи корӣ ва интизоми меҳнат саволу ҷавоб доир гашт.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик