19 феврали соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо директори ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design” Сeo Rito ба ҳузур пазируфт.
Тарафҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаи интиқоли қувваи корӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ширкати болозикр мубодилаи афкор оростанд.
Дар навбати худ, директори ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design” Сeo Rito муфассал дар бораи фаъолияти ширкат маълумот пешниҳод намуд. Бояд қайд кард, ки ширкат бо корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Черногория машғул аст. Аз ҷумла, худи ширкат соҳиби меҳмонхона, ки коргарон дар онҷо иқомат мекунанд, мебошад. Инчунин, аз меҳмонхона то ҷои кор тавассути автобуси ширкат, коргарон ба ҷои сохтмон ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, чиптаи ҳавопаймо, ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби ширкат ба уҳда гирифта мешавад.
Дар суҳбат Сeo Rito иброз намуд, ки роҳбарияти ширкат барои бехатарии муҳоҷирон кафолат медиҳад. Коргарон бо маоши хуб ва хӯрока таъмин мегарданд.
Сипас Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оиди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машвартӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ маълумот пешниҳод намуд. Ӯ қайд кард, ки самтҳои асосии Марказҳо ин омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷӣ кишвар, барои муташаккилона сафарбар кардани қувваи корӣ ба хориҷа, имзо расонидани Созишномаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои кордиҳанда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ ва кореягӣ, ки ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар умумият осон намудани мушкилоти муҳоҷири меҳнатӣ ва ба он кӯмак расонидан мебошад.
Дар фарҷом байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design” Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират