Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор вохӯрии судманд дар байни ҷавонон, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар мавзӯӣ “Падидаҳои номатлуб доғи рӯз ҳастанд” доир намуд.
Зимни баромад мудири бахши Хадамоти маҳоҷират дар шаҳри Ҳисор, қайд намуд, ки дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.
Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми сабаб ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.
Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар ҷаҳони имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.
Дар вазъияти муташанниҷи замони муосир ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Ин зуҳуроти на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳнандозӣ намуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханронии худ қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Айни ҳол дар ҷомеаи мо чунин ашхосон нестанд ва ин маънии онро надорад, ки хотирҷамъ бошем.
Хулоса, мо кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ҳудуди шаҳри Ҳисор чораҳои амалӣ андешида, корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дуруст ба роҳ монем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем.
Ба ҷомеаи ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор