29 феврали соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо Мушовири минтақавии Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд дар масъалаи муҳоҷират ва идоракунӣ хонум Урсула Алаззавӣ Келлерро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст сардори Хадамоти муҳоҷират ташрифи меҳмонро ба Хадамот хайрамақдам гуфта, ҷиҳати тақвият ва густариши ҳамкориҳо арзи сипос намуд.
Зимни мулоқот Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, ичунин риояи қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда, МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки Хадамоти муҳоҷират ҳамеша кӯшиш бар харҷ медиҳад, ки он шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷиратӣ меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гарданд. Дар ин ҷода, дар дохили кишвар алакай корхонаҳои зиёде ба кор шурӯъ намуданд, бахусус ширкатҳои сохтмонии НБО Роғун, ки мутахассисон намерасанд.
Дар навбати худ Урсула Алаззавӣ Келлер иброз намуд, ки ҳадаф аз сафари мазкур шиносоӣ иҷрои лоиҳаи минтақавии «Муҳоҷирати меҳнатӣ Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд маблағгузорӣ шудааст, бахусус ошно шудан бо натиҷаҳои миёнамуҳлат ва омӯхтани афзалиятҳои миллӣ дар самти идоракунии муҳоҷират мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Мушовири минтақавии Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд дар масъалаи муҳоҷират ва идоракунӣ хонум Урсула Алаззавӣ Келлерр аз фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират